ترجمة سورة الحشر

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة الحشر باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية.
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Аллоҳро ба покӣ ёд кард ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Ва Ӯст пирӯзманд дар мулкаш ва ҳаким аст дар андоза, тадбир ва санъаташ, ки ашёро дар мавзеъи муносиби онҳо қарор медиҳад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\259
2.Ӯст он Аллоҳе, ки дар нахустин гирдиҳамоӣ (аз ҷазираи Араб ба сарзамини Шом) кофирони аҳли китобро, ки (онҳо яҳудони бани Назир буданд), аз хонаҳояшон берун ронд ва шумо (эй мусалмонон) гумон намебурдед, ки бо ин қуввату тавоноиашон хору залил шуда берун раванд. Ва онҳо гумон бурданд, ки қалъаҳояшон боздорандаи онҳо ҳаст, аз азоби Аллоҳ. Пас Аллоҳ аз сӯе омад, ки гумонашро намекарданд, (яъне, бар онҳо азоб овард) ва дар дилашон тарс афканд, чунон ки хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти мӯъминон вайрон мекарданд. Пас, эй соҳибхирадмандон ибрат бигиред аз он чи ба онҳо рух дод!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\848
3.        Ва агар Аллоҳ тарки диёрро бар онҳо муқаррар накарда буд, дар дунё ба азоби қатл ва асирӣ гирифторашон мекард ва барояшон дар охират азоби оташи дӯзах аст.
4.        Ин мусибате, ки дар дунё ба яҳудиҳо расид ва он чи дар охират мунтазир мешаванд, ба ҷазои он буд, ки бо Аллоҳу паёмбараш душманӣ карданд ва ҳар кӣ бо Аллоҳ душманӣ меварзад, бидонад, ки албатта, Аллоҳ сахт азобкунандааст!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\850
5.        Ҳар дарахти хурмоеро, ки буридед (эй мӯъминон) ё онро бар решааш боқӣ гузоридед, ба фармони Аллоҳ буд, то фосиқон(1) хор гарданд, (яъне, хор шуданашон ин буд, ки шуморо бар онҳо ҳукмрон кард, то дарахтонашонро қатъ кунед ва бисӯзонед).(2)
____________________
1. Яъне, онон, ки аз тоъати Аллоҳ берун рафтаанд ва зидди амру наҳяш баромадаанд. 2. Тафсири Саъдӣ 1\850
6.        Ва он чӣ Аллоҳ аз молҳои яҳудиҳои бани Назир ба паёмбари худ бозгардонда ва бахшидааст, пас бар он (амвол) на аспе тохтаед ва на шутуре(1) ва лекин Аллоҳ паёмбаронашро бар ҳар касе, ки аз душманонаш бихоҳад, ғолиб мегардонад, пас душманон барояшон бе ҳеҷ ҷанг таслим мешаванд ва Аллоҳ бар ҳар чизе қодир аст ва ҳеҷ чизе Ӯро нотавон карда наметавонад!(2)
____________________
1. Яъне, барои ба даст даровардани он молҳо ранҷ накашидаед. 2. Тафсири Табарӣ 23\275
7.        Он ғанимате, ки Аллоҳ аз молҳои мушрикони мардуми деҳаҳо бе ранҷу заҳмат насиби паёмбараш кардааст, пас он молҳо
аз они Аллоҳ аст ва аз они паёмбар ва аз они хешовандони паёмбар ва низ барои ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ мондааст, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод, онро бигиред ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, аз он бозистед. Ва аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки ҳароина, Аллоҳ азоби сахте дорад барои онон, ки Ӯро нофармонбардорӣ кардаанд ва дар амру наҳйи Ӯ зид баромадаанд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\280 Асли ин оят далолат бар он мекунад, ки амал кардан ба суннат дар гуфтор ё кирдор ё эътиқод аз воҷиботи суннат аст.
8.        Низ ғаниматҳо барои фақирони муҳоҷире, ки аз диёр ва амволи худ аз Макка берун ронда шудаанд ва онҳо бо ризқу рӯзӣ ёфтан дар дунё ва касби ризои ҳақ дар охират фазлу хушнудии Аллоҳро металабанд ва дини Аллоҳ ва паёмбарашро ёрӣ мекунанд, инҳо ростгӯёнанд, ки сухани хешро бо амал рост гардонидаанд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣт 23\281
9.        Ва касоне(1), ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ дар Мадина ҷой гирифтанд ва низ имон оварда буданд, касонеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд ва дар амволу ҷойҳои худ онҳоро шарик месозанд.
Ва аз он чӣ дода шудааст аз ғаниматҳо дар дилҳои худ ба муҳоҷирон эҳсоси ҳасад ва ниёзмандӣ намекунанд ва онҳоро (яъне, муҳоҷирон ва ниёзмандонро) бар худ муқаддам медоранд, ҳар чанд худ (ансор) мӯҳтоҷ бошанд.
Ва касоне, ки аз ҳирсу бухли хеш дар амон монда бошанд, пас он гурӯҳ растагоронанд(2)!
____________________
1. Яъне, ансориҳо. 2. Тафсири ибни Касир 8\71
10.    Ва касоне, ки аз паси онҳо (муҳоҷиру ансор) омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва дар дилҳои мо нисбат ба касоне, ки имон овардаанд, ҳеҷ кинае қарор надеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳароина, ту бо бандагони худ мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»
11.    Оё мунофиқонро надидаӣ, ки ба бародарони аҳли китобашон, аз бани Назир, ки куфр варзидаанд, мегуфтанд: «Агар шуморо Муҳаммад ва асҳобаш аз манзилҳоятон бадарға кунанд, мо низ бо шумо берун меоем ва ҳаргиз сухани касеро дар мавриди шумо итоъат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷангиданд, ҳатман, ёриатон мекунем». Ва ҳол он ки Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳароина, мунофиқон дурӯғгӯ ҳастанд дар он чи ки ба яҳудиёни бани Назир ваъда додаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\80
12.   Агар яҳудиён аз Мадина бадарға шаванд, мунофиқон бо онҳо берун намераванд.
Ва агар ба онҳо ҷанг шавад, онҳоро ёрӣ намекунанд ва агар ҳам ба ёриашон бархезанд, ҳатман пушт ба майдон карда фирор мекунанд. Сипас яҳудиён ёрӣ дода намешаванд, балки Аллоҳ хору залилашон мегардонад(1).
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\81
13.   Бешак, хавф аз шумо (эй мӯъминон) дар дилҳояшон бештар аз тарси Аллоҳ аст. Зеро онҳо мардуме ҳастанд, ки бузургии Аллоҳро намефаҳманд ва аз азобаш наметарсанд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\291
14.   Яҳудиён ҳамагӣ бо шумо ҷанг намекунанд, магар дар деҳаҳое, ки қалъа дошта бошад ё аз паси девор.
Онҳо сахт бо якдигар душмананд, ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ ва ҳол он ки дилҳояшон аз ҳам ҷудо аст. Ин ба он сабаб аст, ки ҳароина, онҳо мардуми бехираданд ва дар оёти Аллоҳ намеандешанд.
15.   Саргузашти яҳудиён монанди саргузашти онҳоест,(1) ки чанде пеш дар ҷанги Бадр оқибати гуноҳи хешро чашиданд ва дар охират ба азоби дардовар низ гирифтор хоҳанд шуд.
____________________
1. Монанди кофирони Қурайш ва яҳудони бани Қайнуқоъ
16.   Саргузашти мунофиқон бо яҳудиён дар бевафоӣ(1) монанди саргузашти шайтон бо инсон аст, ки куфрро дар нигоҳи вай ороста ва ба он даъват намудааст, чун ба одамӣ гуфт: «Кофир шав!» Чун кофир шуд, (шайтон) гуфт: «Ҳароина, ман аз ту безорам. Албатта, ман аз Аллоҳ Парвардигори ҷаҳониён метарсам!»(2)
____________________
1. Яъне, мунофиқон яҳудиёнро бар ҷанги Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барангехтанд ва онҳоро ба ғалаба ваъда доданд, вале дар аҳди худ нопойдорӣ карданд. 2. Тафсири Ибни Касир 8\75
17.   Пас оқибати кори ҳар дуи онҳо (яъне, шайтон ва инсони кофир) он шуд, ки ҳарду ба оташ афтанд ва ҷовидона дар он бошанд. Ва ин аст ҷазои ситамкорон!
18.   Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш, битарсед.
Ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардо рӯзи қиёмат чӣ фиристодааст. Аз Аллоҳ битарсед, дар ҳар фармудаҳо ва манъкардаҳояш, ки ҳароина, Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе аз аъмоли шумо бар Вай пӯшида нест!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\299
19.   Ва эй мӯъминон, аз он касоне мабошед, ки Аллоҳро фаромӯш карданд ва фармонҳояшро тарк карданд ва Аллоҳ низ чунон кард, ки насибаи неки худро, ки аз азоби рӯзи қиёмат наҷоташон медод, фаромӯш кунанд. Онҳо фосиқонанд. (яъне, аз тоъати Аллоҳ ва расулаш берунрафтагонанд)(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\77
20.   Аҳли дӯзах ва аҳли биҳишт дар мартабаи худ бо ҳам баробар нестанд. Аҳли биҳишт худ комёбшудагонанд ва аз ҳама нохушиҳо наҷотёфтагонанд(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\300
21.   Агар ин Қуръонро бар кӯҳе аз кӯҳҳо нозил мекардем, аз ваъдаву ваъидҳое, ки дар он Қуръон аст, кӯҳ бо сахтӣ ва маҳкамиаш аз хавфи Аллоҳ онро хоксор ва аз ҳам пошида медидӣ. Ва ин мисолҳоест, ки барои мардум меоварем, шояд дар қудрати Аллоҳ ва бузургиаш биандешанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\87
22.   Ӯст Аллоҳи ягона, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ӯ нест. Донои ниҳону ошкор, медонад он чи ғоибу ҳозир аст ва ба аҳли имон бахшояндаву меҳрубон аст!
23. Ӯст Аллоҳи ягона, ки ҳеҷ маъбуди барҳақ ҷуз Ӯ нест, подшоҳи ҷамиъи ашёҳо аст, ниҳоят пок аст, саломат аст (аз ҳар айбу нуқс), эминибахш аст, ки паёмбаронашро ба воситаи мӯъҷизоти равшан тасдиқ менамояд, нигаҳбон аст, бар ҳамаи аъмоли халқаш, пирӯзманд аст, ки ҳаргиз мағлуб намешавад, ҷаббор аст, ки ғалабаи Ӯро касе тоб оварда наметавонад ва ҳамаи офаридаҳо дар баробари Ӯ фурӯтананд, бузургвор аст, ки дорои кибриё ва азамат аст. Пок аст Аллоҳ аз он чи мушрикон барои Ӯ дар ибодат ва сифот ва офариниши Ӯ шарик қарор медиҳанд!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\854
24. Ӯст Аллоҳе, ки офаридгори ҳамаи махлуқот аст, эҷодкунандаи ҳамаи ашё аст ва суратбахш аст, чи гуна хоҳад тасвир мекунад барои Ӯ номҳои некӯ аст.
Ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст, тасбеҳгӯйи Ӯ ҳастанд ва Ӯ пирӯзманд аст бар душманонаш ва ҳаким аст дар тадбири умури халқаш!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\305
سورة الحشر
معلومات السورة
الكتب
الفتاوى
الأقوال
التفسيرات

سورة (الحشر) من السُّوَر المدنية، من (المسبِّحات)، وهي التي تبدأ بـ {سَبَّحَ}، نزلت بعد سورة (البيِّنة)، وقد نزلت في إجلاء يهودِ (بني النَّضير)، وأشارت إلى تاريخِ اليهود المليء بالخيانات، وعدم الالتزام بالمواثيق والعهود، وتعرَّضت لحُكْمِ (الفَيْء)، وقد افتُتحت بمقصدٍ عظيم؛ وهو تنزيهُ الله عزَّ وجلَّ عن كل نقص، وإثبات كلِّ كمال له سبحانه؛ فهو المستحِقُّ لصفات الألوهيَّة والربوبيَّة.

ترتيبها المصحفي
59
نوعها
مدنية
ألفاظها
447
ترتيب نزولها
101
العد المدني الأول
24
العد المدني الأخير
24
العد البصري
24
العد الكوفي
24
العد الشامي
24

* نزَلتْ سورة (الحشر) في يهودِ (بني النَّضير):

عن سعيدِ بن جُبَيرٍ رحمه الله، قال: «قلتُ لابنِ عباسٍ: سورةُ التَّوْبةِ؟ قال: التَّوْبةُ هي الفاضحةُ، ما زالت تَنزِلُ: {وَمِنْهُمْ} {وَمِنْهُمْ} حتى ظَنُّوا أنَّها لن تُبقِيَ أحدًا منهم إلا ذُكِرَ فيها، قال: قلتُ: سورةُ الأنفالِ؟ قال: نزَلتْ في بَدْرٍ، قال: قلتُ: سورةُ الحَشْرِ؟ قال: نزَلتْ في بني النَّضِيرِ». أخرجه البخاري (٤٨٨٢).

* قوله تعالى: {سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي اْلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي اْلْأَرْضِۖ وَهُوَ اْلْعَزِيزُ اْلْحَكِيمُ ١ هُوَ اْلَّذِيٓ أَخْرَجَ اْلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنْ أَهْلِ اْلْكِتَٰبِ مِن دِيَٰرِهِمْ لِأَوَّلِ اْلْحَشْرِۚ مَا ظَنَنتُمْ أَن يَخْرُجُواْۖ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُم مَّانِعَتُهُمْ حُصُونُهُم مِّنَ اْللَّهِ فَأَتَىٰهُمُ اْللَّهُ مِنْ حَيْثُ لَمْ يَحْتَسِبُواْۖ وَقَذَفَ فِي قُلُوبِهِمُ اْلرُّعْبَۚ يُخْرِبُونَ بُيُوتَهُم بِأَيْدِيهِمْ وَأَيْدِي اْلْمُؤْمِنِينَ فَاْعْتَبِرُواْ يَٰٓأُوْلِي اْلْأَبْصَٰرِ} [الحشر: 1-2]:

عن عائشةَ رضي الله عنها، قالت: «كانت غَزْوةُ بني النَّضِيرِ - وهم طائفةٌ مِن اليهودِ - على رأسِ ستَّةِ أشهُرٍ مِن وَقْعةِ بَدْرٍ، وكان مَنزِلُهم ونَخْلُهم بناحيةِ المدينةِ، فحاصَرَهم رسولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم حتى نزَلوا على الجَلاءِ، وعلى أنَّ لهم ما أقَلَّتِ الإبلُ مِن الأمتعةِ والأموالِ، إلا الحَلَقةَ؛ يَعني: السِّلاحَ؛ فأنزَلَ اللهُ فيهم: {سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي اْلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي اْلْأَرْضِۖ} [الحشر: 1] إلى قولِه: {لِأَوَّلِ اْلْحَشْرِۚ مَا ظَنَنتُمْ أَن يَخْرُجُواْۖ} [الحشر: 2]، فقاتَلَهم النبيُّ صلى الله عليه وسلم حتى صالَحَهم على الجَلاءِ، فأَجْلاهم إلى الشَّامِ، وكانوا مِن سِبْطٍ لم يُصِبْهم جَلاءٌ فيما خلا، وكان اللهُ قد كتَبَ عليهم ذلك، ولولا ذلك لعذَّبَهم في الدُّنيا بالقتلِ والسَّبْيِ، وأمَّا قولُه: {لِأَوَّلِ اْلْحَشْرِۚ} [الحشر: 2]، فكان جَلاؤُهم ذلك أوَّلَ حَشْرٍ في الدُّنيا إلى الشَّامِ». أخرجه الحاكم (3850).

* قوله تعالى: {مَا قَطَعْتُم مِّن لِّينَةٍ أَوْ تَرَكْتُمُوهَا قَآئِمَةً عَلَىٰٓ أُصُولِهَا فَبِإِذْنِ اْللَّهِ وَلِيُخْزِيَ اْلْفَٰسِقِينَ} [الحشر: 5]:

عن عبدِ اللهِ بن عُمَرَ رضي الله عنهما، قال: «حرَّقَ رسولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم نَخْلَ بني النَّضِيرِ وقطَعَ، وهي البُوَيرةُ؛ فنزَلتْ: {مَا قَطَعْتُم مِّن لِّينَةٍ أَوْ تَرَكْتُمُوهَا قَآئِمَةً عَلَىٰٓ أُصُولِهَا فَبِإِذْنِ اْللَّهِ} [الحشر: 5]». أخرجه البخاري (٤٠٣١).

* قوله تعالى: {وَيُؤْثِرُونَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٞۚ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ اْلْمُفْلِحُونَ} [الحشر: 9]:

عن أبي هُرَيرةَ رضي الله عنه: «أنَّ رجُلًا أتى النبيَّ صلى الله عليه وسلم، فبعَثَ إلى نسائِه، فقُلْنَ: ما معنا إلا الماءُ، فقال رسولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم: «مَن يضُمُّ أو يُضِيفُ هذا؟»، فقال رجُلٌ مِن الأنصارِ: أنا، فانطلَقَ به إلى امرأتِه، فقال: أكرِمي ضيفَ رسولِ اللهِ صلى الله عليه وسلم، فقالت: ما عندنا إلا قُوتُ صِبْياني، فقال: هَيِّئي طعامَكِ، وأصبِحي سِراجَكِ، ونَوِّمي صِبْيانَكِ إذا أرادوا عَشاءً، فهيَّأتْ طعامَها، وأصبَحتْ سِراجَها، ونوَّمتْ صِبْيانَها، ثم قامت كأنَّها تُصلِحُ سِراجَها فأطفأته، فجعَلَا يُرِيانِه أنَّهما يأكُلانِ، فبَاتَا طاوِيَينِ، فلمَّا أصبَحَ غَدَا إلى رسولِ اللهِ صلى الله عليه وسلم، فقال: «ضَحِكَ اللهُ اللَّيلةَ - أو عَجِبَ - مِن فَعالِكما»؛ فأنزَلَ اللهُ: {وَيُؤْثِرُونَ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٞۚ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ اْلْمُفْلِحُونَ} [الحشر: 9]». أخرجه البخاري (٣٧٩٨).

* سورةُ (الحَشْر):

سُمِّيت سورةُ (الحَشْر) بذلك؛ لوقوع لفظِ (الحشر) فيها؛ قال تعالى: {هُوَ اْلَّذِيٓ أَخْرَجَ اْلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنْ أَهْلِ اْلْكِتَٰبِ مِن دِيَٰرِهِمْ لِأَوَّلِ اْلْحَشْرِۚ} [الحشر: 2].

والمراد بـ(الحَشْر) هنا: إخراجُ (بني النَّضِير)، لا يومُ القيامة.

* سورة (بني النَّضِير):

وسُمِّيت بذلك؛ لاشتمالها على قِصَّة إجلاء يهودِ (بني النَّضير).

1. إجلاء بني النَّضير (١-٥).

2. حُكْمُ الفَيء (٦-١٧).

3. التقوى، قوة القرآن، أسماء الله الحسنى (١٨-٢٤).

ينظر: "التفسير الموضوعي لسور القرآن الكريم" لمجموعة من العلماء (8 /60).

مقصودُ سورة (الحشر) تنزيهُ الله عز وجل عن كلِّ النقائص، وإثباتُ الكمال المطلق له؛ فهو الإله المستحِقُّ للعبادة؛ لكمال اتصافه بالقدرة الشاملة والحِكْمة البالغة، وهذه دعوةٌ لتوحيد الرُّبوبية والألوهية له سبحانه.

ويذكُرُ ابنُ عاشور أنَّ السورة جاءت لبيان: «حُكْم أموال بني النَّضير بعد الانتصار عليهم»، ثم يقول في بيان مقاصدها: «وقد اشتملت على أن ما في السموات وما في الأرض دالٌّ على تنزيه الله، وكونِ ما في السموات والأرض مِلْكَه، وأنه الغالب المدبِّر.

وعلى ذِكْرِ نعمة الله على ما يسَّر من إجلاء بني النَّضير مع ما كانوا عليه من المَنَعةِ والحصون والعُدَّة؛ وتلك آيةٌ من آيات تأييد رسول الله صلى الله عليه وسلم، وغَلَبَتِه على أعدائه.

وذِكْرِ ما أجراه المسلمون من إتلافِ أموال بني النَّضير، وأحكام ذلك في أموالهم، وتعيين مستحِقِّيه من المسلمين». "التحرير والتنوير" لابن عاشور (28 /63).

وينظر: "مصاعد النظر للإشراف على مقاصد السور" للبقاعي (3 /72).