ترجمة سورة الجمعة

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة الجمعة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية.
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Аллоҳро тасбеҳ мегӯянд(1) ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, Аллоҳ, ки фармонраво, подшоҳи олам пок аз ҳама айб, пирӯзманд ва дар тадбир ва санъаташ бо ҳикмат аст!(2)
____________________
1. Яъне, ба покӣ ёд мекунанд Ӯро аз ҳар чизе, ки лоиқ ба зоти Ӯ нест. 2. Тафсири Табарӣ 23\371
2. Ӯст Аллоҳ, ки дар миёни арабҳои бесавод, ки хонда наметавонистанд, на китоб ва на рисолате доштанд, паёмбаре аз худашон фиристод, то оёташро бар онҳо бихонад ва онҳоро аз ақидаҳои ботил ва ахлоқи бад покиза созад ва ба онон китоб (Қуръон) ва ҳикмат (Суннат) биёмӯзонад. Ва агарчи пеш аз ин биъсати Расули акрам онҳо дар гумроҳии ошкор буданд.
3. Ва низ ин паёмбар фиристода шудааст бар гурӯҳи дигаре аз онҳо, (аз фарзандони Одам), ки ҳанӯз бо онҳо напайвастаанд ва ба зудӣ дар оянда ба дунё хоҳанд омад. Ва Ӯст пирӯзманд бар ҳама чиз ва ҳаким дар гуфтор ва корҳояш!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\862
4. Ин биъсати Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар мардуми араб ва ғайри араб фазлу неъмати Илоҳӣ аст, ки ба ҳар кӣ хоҳад, медиҳад ва Аллоҳро бахшоиши бузурге аст. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\376
5. Мисоли касоне, ки иТаврот ба онҳо (яҳудиҳо) бор шуд, сипас онро барнадоштанд, (яъне ба он амал накарданд), мисли он хар аст, ки китобҳоеро бар пушт бор мекунад ва намедонад дар он чист.
Чи бад мисолест, мисоли мардуме, ки оёти Аллоҳро дурӯғ шумурданд ва аз он манфиъат набурданд. Ва Аллоҳ ситамкоронеро, ки аз ҳудуди муқаррар кардаи Аллоҳ берун мераванд, ҳидоят намекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\115
6. Бигӯ эй Расул ба яҳудиҳое, ки даъвои бузургӣ мекунанд: «Эй касоне, ки яҳудӣ шудаед, агар гумон доред, ки ҳароина, танҳо шумо дӯстони Аллоҳ ҳастед, на мардуми дигар, пас орзуи марг кунед, агар ростгӯй ҳастед!»
7. Ва он яҳудиҳо ба сабаби аъмоли баде, ки пеш аз ин кардаанд, барои ҳаёти дунёро бар охират муқаддам донисташон ва тарсашон аз азоби Аллоҳ ҳаргиз орзуи марг нахоҳанд кард ва Аллоҳ аз ҳоли ситамкорон доност ва аз ситамкории онҳо чизе бар Ӯ пӯшида намемонад!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\379
8. Бигӯ: «Ҳароина, он марге, ки аз он мегурезед, ҳоло он ки ҷои гурез нест шуморо, ҳатман, дархоҳад ёфт ва сипас рӯзи қиёмат ба сӯи Аллоҳи донандаи ниҳону ошкоро баргардонида хоҳед шуд, пас шуморо ба он чӣ мекардед хабар медиҳад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\380
9. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа гуфта шавад, ба сӯи зикри Аллоҳ ба гӯш кардани хутба ва адои намоз бишитобед ва хариду фурӯшро ва тамоми корҳое, ки шуморо аз он машғул месозад, тарк кунед. Агар бидонед, ин дастуроти фармудашуда бароятон беҳтар аст.(1)
____________________
1. Ин оят далолат бар воҷиб будани намози ҷумъа ва гӯш кардани хутба мекунад. Тафсири Табарӣ 23\384
10.   Пас чун хутбаро шунидед ва намоз ба охир расид, аз пайи ризқу рӯзӣ дар замин пароканда шавед ва аз ризқи Аллоҳ талаб кунед ва Аллоҳро бо дилу забон ва дар ҳама ҳол бисёр ёд кунед, бошад, ки дар дунёву охират растагор шавед!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\863
11.   Ва чун тиҷорате ё бозие бинанд, баъзе аз мусалмонон пароканда мешаванд ва ба ҷониби он мераванд ва туро эй Паёмбар бар минбар истода(1) раҳо кунанд? Бигӯ: «Он чӣ дар назди Аллоҳ аз подоши бузург аст аз бозиву тиҷорат беҳтар аст». Ва Аллоҳ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст, пас аз Ӯ талаби ризқу рӯзӣ кунед ва бо тоъати Ӯ мадад ҷӯед аз хайри дунёву охират!(2)
____________________
1. Яъне дар хутба. 2. Тафсири Табарӣ 23\389
سورة الجمعة
معلومات السورة
الكتب
الفتاوى
الأقوال
التفسيرات

سورة (الجمعة) من السُّوَر المدنية، وهي من (المسبِّحات)، نزلت بعد سورة (الصَّفِّ)، وقد بدأت ببيانِ مقاصدِ البعثة النبوية، وأشارت إلى أهميةِ الاجتماع على هذا الدِّين، ولزومِ جماعة المسلمين، وتركِ ملذَّات الدنيا وشهواتها؛ لذا جاءت بوجوب (الجُمُعة)؛ لِما في ذلك من دلالاتٍ عظيمة؛ منها: الاجتماع، والوَحْدة، والأُلْفة بين المسلمين.

ترتيبها المصحفي
62
نوعها
مدنية
ألفاظها
177
ترتيب نزولها
110
العد المدني الأول
11
العد المدني الأخير
11
العد البصري
11
العد الكوفي
11
العد الشامي
11

* قوله تعالى: {وَإِذَا رَأَوْاْ تِجَٰرَةً أَوْ لَهْوًا اْنفَضُّوٓاْ إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَآئِمٗاۚ} [الجمعة: 11]:

عن جابرِ بن عبدِ اللهِ رضي الله عنهما، قال: «بَيْنما نحنُ نُصلِّي مع النبيِّ ﷺ، إذ أقبَلتْ عِيرٌ تَحمِلُ طعامًا، فالتفَتوا إليها، حتى ما بَقِيَ مع النبيِّ ﷺ إلا اثنا عشَرَ رجُلًا؛ فنزَلتْ هذه الآيةُ: {وَإِذَا رَأَوْاْ تِجَٰرَةً أَوْ لَهْوًا اْنفَضُّوٓاْ إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَآئِمٗاۚ} [الجمعة: 11]». أخرجه البخاري (٩٣٦).

* سورة (الجمعة):

سُمِّيت سورةُ (الجمعة) بهذا الاسم؛ لوقوع لفظِ {اْلْجُمُعَةِ} فيها؛ قال تعالى: {يَٰٓأَيُّهَا اْلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوْمِ اْلْجُمُعَةِ فَاْسْعَوْاْ إِلَىٰ ذِكْرِ اْللَّهِ وَذَرُواْ اْلْبَيْعَۚ ذَٰلِكُمْ خَيْرٞ لَّكُمْ إِن كُنتُمْ تَعْلَمُونَ} [الجمعة: 9].

* كان صلى الله عليه وسلم يقرأُ سورة (الجمعة) في صلاة الجمعة:

عن عُبَيدِ اللهِ بن أبي رافعٍ، قال: «استخلَفَ مَرْوانُ أبا هُرَيرةَ على المدينةِ، وخرَجَ إلى مكَّةَ، فصلَّى بنا أبو هُرَيرةَ يومَ الجمعةِ، فقرَأَ سورةَ الجمعةِ، وفي السَّجْدةِ الثانيةِ: {إِذَا جَآءَكَ اْلْمُنَٰفِقُونَ}، قال عُبَيدُ اللهِ: فأدرَكْتُ أبا هُرَيرةَ، فقلتُ: تَقرأُ بسُورتَينِ كان عليٌّ يَقرؤُهما بالكوفةِ؟ فقال أبو هُرَيرةَ: إنِّي سَمِعْتُ رسولَ اللهِ ﷺ يَقرأُ بهما». أخرجه مسلم (٨٧٧).

1. مقاصدُ البعثة النبوية (١-٤).

2. ذكرُ حالِ اليهود مع التوراة، والردُّ عليهم (٥-٨).

3. حضور صلاة الجمعة (٩-١١).

ينظر: "التفسير الموضوعي لسور القرآن الكريم" لمجموعة من العلماء (8 /149).

مقصودها تأكيدُ أهميةِ الاجتماع على هذا الدِّين، والتمسُّكِ بجماعة المسلمين، ولزومها، ويَتمثَّل ذلك في الالتزام بصلاة الجمعة، وعدمِ الالتفات إلى الدنيا وشهواتها، واسمُها واضحُ الدلالة على هذا المقصد.

ينظر: "مصاعد النظر للإشراف على مقاصد السور" للبقاعي (3 /84)، "التحرير والتنوير" لابن عاشور (28 /206).