ترجمة سورة الذاريات

الترجمة الطاجيكية - عارفي

ترجمة معاني سورة الذاريات باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية - عارفي.
من تأليف: فريق متخصص مكلف من مركز رواد الترجمة بالشراكة مع موقع دار الإسلام .

Савганд ба бодҳои хокафшон
Ва савганд ба абрҳои сангинбор
Ва савганд ба киштиҳои сабуксайр
Ва савганд ба фариштагон, ки умури илоҳиро [миёни мардум] тақсим мекунанд
Ки он чӣ ба шумо [дар мавриди подош ва азоб] ваъда дода шуда, ҳақиқат дорад
Ва [рӯзи] ҷазо, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад
Савганд ба осмон, ки [бо ситорагон ороста шуда ва гӯӣ] дорои роҳҳост
Ки шумо [дар мавриди Паёмбару Қуръон] ихтилофи назар доред
Ҳар ки [аз роҳи ҳақ] бозгардонда шавад, аз [имон ба] Паёмбар ва Қуръон низ бозгардонда хоҳад шуд
Марг [ва лаънат] бар дурӯғгӯён!
Ҳамон касоне, ки дар вартаи ҷаҳл ғофиланд
Онон [пайваста ва аз рӯйи инкор] мепурсанд: «Рӯзи ҷазо чи замоне аст?»
Ҳамон рӯзе аст, ки ба оташ муҷозот мешаванд
[Ва ба онон гуфта мешавад:] «Азоби худро бичашед; ин ҳамон оташест, ки ба шитоб мехостед»
[Дар рӯзи қиёмат] Мусалламан, парҳезкорон дар боғҳое [аз биҳишт] ва [канори] чашмасорҳо ба сар мебаранд
Он чи Парвардигорашон ба онон ато кардааст, дарёфт медоранд; зеро дар [зиндагии] гузашта накукор будаанд
Онон андаке аз шабро мехуфтанд [ва бақияро ба намоз ва ниёиш машғул буданд]
Ва саҳаргоҳон омурзиш мехостанд
Ва дар амволашон барои соил ва маҳрум ҳаққе [муайян аз садақа ва закот] буд
Дар замин нишонаҳо [-и қудрати илоҳӣ] барои аҳли яқин падидор аст
ва дар вуҷуди худатон; оё намебинед?
Ва ризқу рӯзиатон ва он чӣ [аз кайфару подош ва хайру шар, ки] ба шумо ваъда дода мешавад, дар осмон аст
Пас савганд ба Парвардигори осмону замин, ки ваъда [-и қиёмат ва подош ва азоб] ҳамчун сухан гуфтанатон ҳақиқӣ ва қатъӣ аст
[Эй Паёмбар] Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст?
Чун бар ӯ ворид шуданд ва салом гуфтанд, ӯ гуфт: «Салом» [ва зери лаб гуфт:] «Гурӯҳе ношиносанд»
Он гоҳ назди хонаводаи худ рафт ва [гӯшти бирёни] гӯсолаи фарбеҳе [барои пазироӣ] овард
[Ӯ ғизоро] Назди онон гузошт ва [чанд лаҳза баъд] гуфт: «Оё намехӯред?»
[Пас, чун даст ба ғизо назаданд] Аз онон эҳсоси тарс кард; гуфтанд: «Натарс [мо фариштаем]; ва ӯро ба [таваллуди] писари доно башорат доданд
Ҳамсараш бо фарёд [-у шигифтӣ] пеш омад ва дар ҳоле ки ба рӯйи худ мезад, гуфт: «Пиразани нозо [фарзанд мезояд]?
[Фариштагон] гуфтанд: «Парвардигорат чунин фармудааст; ва бе гумон, Ӯ ҳакиму доност»
[Иброҳим] Гуфт: «Эй фариштагон [-и Аллоҳ таоло], кору маъмурияти шумо чист?»
[Фариштагон] Гуфтанд: «Мо барои [муҷозоти] қавме муҷрим [ва гунаҳкор] фиристода шудаем
То сангҳое аз гил [-и сахтшуда] бар сарашон фуру борем
[Сангҳое] Ки назди Парвардигорат барои исрофкорон нишон гузошта шудааст
Пас, муъминонеро, ки дар он [шаҳрҳои қавми Лут] буданд, [пеш аз нузули азоб] берун овардем
Вале фақат як хонаводаро ёфтем, ки [нисбат ба авомири илоҳӣ] таслим буданд
Ва дар он [шаҳрҳо] барои мардуме, ки аз азоби дарднок [-и илоҳӣ] тарс доранд, нишонае равшан бар ҷой гузоштем
Дар [достони] Мӯсо [низ нишона ва ибратест]; он гоҳ ки ӯро бо далеле равшан назди Фиръавн фиристодем
Вале [Фиръавн] бо такя бар қудраташ [ҳақро] напазируфт ва гуфт: [«Ин мард ё] Ҷодугар аст ё девона»
Ӯро ҳамроҳ бо сипоҳиёнаш гирифтем ва ба дарё афкандем [ва ҳалок кардем]; дар ҳоле ки [дар лаҳзаи марг худро ба хотири нофармонӣ ва куфраш] сарзаниш мекард
Дар [достони қавми] Од [низ дарси ибратест]; он гоҳ ки тундбоде бе хайру баракат бар онон фиристодем
[Тундбоде] Ки бар ҳар чиз вазид, хоку хошокаш кард
Дар [достони қавми] Самуд [низ дарси ибрате аст] он гоҳ ки [тавассути паёмбарашон Солеҳ] ба онон гуфта шуд: «Андаке [аз лаззатҳои зиндагӣ] баҳраманд шавед [ки танҳо се рӯз фурсат доред]»
Онон аз фармони Парвардигорашон сарпечӣ карданд; пас, дар ҳоле ки [ба чашми худ азобро] медиданд, соиқа ононро фаро гирифт
[Чунон бар замин афтоданд, ки] На тавони бархостан [ва гурез] доштанд ва на ёрои дифоъ
Пеш аз он қавми Нуҳро, ки гурӯҳе нофармон буданд [ҳалок кардем]
Мо осмонро ба тавон [-и худ] бино ниҳодем ва ҳамвора онро вусъат мебахшем
Ва заминро [барои зиндагӣ] густурдем ва чи нек густуронандае ҳастем!
Ва ҳама чизро ба сурати завҷ [ҷуфт] офаридем; бошад, ки [таваҷҷуҳ кунед ва] панд гиред
[Эй Паёмбар, ба мардум бигӯ:] «Пас, ба сӯйи Аллоҳ таоло биштобед, ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам
Ва дар канори Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надиҳед, яқинан, ман аз [ҷониби] Ӯ барои шумо ҳушдордиҳандае ошкорам»
Ҳар паёмбаре, ки бар пешиниёнашон мабъус шуд, ҳамин гуна гуфтанд: «[Ӯ ё] Ҷодугар аст ё девона»
Оё якдигарро ба ин [куфру такзиб] супориш карда буданд? На, балки мардуме саркаш буданд
Пас, [эй паёмбар] аз онон рӯй бигардон, ки ту [ба хотири куфри онон] ҳаргиз сазовори сарзаниш нестӣ
Ва [пайваста ба онон] тазаккур бидеҳ, ки, ҳатман, тазаккур барои муъминон судбахш аст
Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд]
На аз онон рӯзӣ мехоҳам, на ин ки Маро хӯрок диҳанд
[Зеро] Аллоҳ таоло аст, ки рӯзирасони неруманд ва барқарор аст
Ситамгорон [-и мушрик низ] ҳамчун ёрон [-и гузашта]-и хеш саҳме аз азоб доранд; пас, ба шитоб [онро] аз Ман нахоҳанд
Пас, вой бар кофирон аз [азоби] рӯзи мавъудашон!
سورة الذاريات
معلومات السورة
الكتب
الفتاوى
الأقوال
التفسيرات

سورة (الذَّاريَات) من السُّوَر المكية، نزلت بعد سورة (الأحقاف)، وقد جاءت ببيانِ عظمة الله، وقُدْرتِه على التصرُّف في الكون، وإنزالِ العذاب بمَن شاء، كيف شاء، متى شاء، ومِن ذلك قَسَمُه بـ(الذَّاريَات)، وهي: الرِّياح، وهي آيةٌ من آيات الله، يُصرِّفها اللهُ إن شاء للرَّحمة، وإن شاء للعذاب؛ فعلى الناسِ الفرارُ إلى الله، الذي هو طريقُ النجاة.

ترتيبها المصحفي
51
نوعها
مكية
ألفاظها
360
ترتيب نزولها
67
العد المدني الأول
60
العد المدني الأخير
60
العد البصري
60
العد الكوفي
60
العد الشامي
60

* سورة (الذَّاريَات):

سُمِّيت سورةُ (الذَّاريَات) بهذا الاسم؛ لافتتاحها بالقَسَم بـ(الذَّاريَات)؛ وهي: الرِّياح.

* أُثِر عن النبي صلى الله عليه وسلم قراءتُه لسورة (الذَّاريَات) في صلاة الظُّهر:

عن البراءِ بن عازبٍ رضي الله عنهما، قال: «كُنَّا نُصلِّي خلفَ النبيِّ ﷺ الظُّهْرَ، فيُسمِعُنا الآيةَ بعد الآياتِ مِن لُقْمانَ والذَّاريَاتِ». أخرجه النسائي (٩٧١).

1. وقوع البعثِ والجزاء (١-٢٣).

2. دلائل القدرة الإلهية (٢٤-٤٦).

3. الفرارُ إلى الله طريق النجاة (٤٧- ٦٠).

ينظر: "التفسير الموضوعي لسور القرآن الكريم" لمجموعة من العلماء (7 /443).

مقصودُ سورة (الذَّاريَات) هو الدعوةُ إلى طاعة الله، والاستجابة لأمره؛ من خلال التحذير من وقوع العذاب بالأقوام؛ فإن اللهَ في هذه السورة أقسَمَ بـ(الذَّاريَات)، وهي الرِّياح التي يُعذِّب الله بها من يشاء من عباده، يقول البِقاعي: «مقصودها: الدلالة على صدقِ ما أنذَرتْ به سورةُ (ق) تصريحًا، وبشَّرت به تلويحًا، ولا سيما من مُصاب الدنيا، وعذابِ الآخرة.

واسمها (الذَّاريَات): ظاهرٌ في ذلك، بملاحظة جواب القَسَم؛ فإنه - لِشِدة الارتباط - كالآية الواحدة وإن كان خمسًا.

وللتعبير عن الرِّياح بـ(الذَّاريَات) أتمُّ إشارةٍ إلى ذلك؛ فإن تكذيبَهم بالوعيد لكونهم لا يشعُرون بشيءٍ من أسبابه، وإن كانت موجودةً معهم». "مصاعد النظر للإشراف على مقاصد السور" للبقاعي (3 /25).