ترجمة سورة الليل

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة الليل باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية.
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Аллоҳ савганд ёд мекунад, ба шаб, ҳангоме ки торикии он ҳама ҷоро мепӯшад
2. ва савганд, ба рӯз, он гоҳ, ки равшан шавад
3. ва савганд, ба он ки нару модаро биёфарид,
4. бегумон кӯшишу амалҳои шумо гуногун аст(1).
____________________
1. Яъне бархе аз шумо барои дунё амал мекунад ва бархе барои охират.
5. Аммо касе, ки аз молаш бахшид ва парҳезгорӣ кард
6. ва оини некро (калимаи тайибаро) тасдиқ кард,
7. пас ба зудӣ роҳи расидан ба осоишро барояш осон мегардонем(1).
____________________
1. Яъне, роҳи хайр ва амал ба тоъати хеш тавфиқ медиҳем.
8. Аммо он касе, ки бахиливу беэҳтиёҷӣ кард
9.        ва ба калимаи тайиба имон наёвард,
10.     пас ба зудӣ роҳашро ба сӯи бадӣ ва душворӣ осон мегардонем, (яъне, барои дӯзах омода месозем.)
11. Ва чун ҳалок гардад ва дар ҷаҳаннам фурӯ афтад, дороияш ба ҳолаш фоида набахшад.
12.    Ва бегумон нишон додани роҳ ба сӯи Аллоҳ ва ҷаннати Ӯ бар дӯши мост.
13. Ва аз они Мост ҳама мулки он ҷаҳону ин чаҳон.
14.    Пас шуморо эй одамон аз оташе, ки забона мезанад, бим додем,
15.    Ба он дохил намешавад ва намесӯзад, магар бадбахттарин инсон.
16.    Ҳамон ки Паёмбари Аллоҳ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дурӯғ баровард ва аз имон овардан рӯй гардонид.
17.    Ва парҳезгортарин мардум аз он оташе, ки шӯъла мезанад дур дошта хоҳад шуд,
18.    касе, ки моли худро медиҳад, то хештанро покиза бидорад.
19.    Ва ҳеҷ касро назди ӯ ҳаққи неъмате нест, то бихоҳад ба ин васила ба ӯ ҷазо дода шавад(1).
____________________
1. Яъне, хайре, ки ӯ мекунад ва хайре, ки дигарон мекунанд, баробар нест, зеро ӯ дар ивази неъмат ба ҷуз ризоияти Парвардигор чизе намехоҳад.
20.    Ғайри ҷӯстани хушнудии Парвардигори баландмартабаи худ.
21.    Ва ба зудӣ дар ҷаннат хушнуд хоҳад шуд.
سورة الليل
معلومات السورة
الكتب
الفتاوى
الأقوال
التفسيرات

سورة (اللَّيل) مكية، نزلت بعد سورة (الأعلى)، وقد افتُتحت بقَسَم الله عز وجل بـ(اللَّيل)، وهو آيةٌ من آيات الله الدالةِ على عظمته وقُدْرته وتصرُّفه في هذا الكون، وبيَّنت السورة الكريمة تبايُنَ مَساعي البشر، المؤديَ إلى تبايُنِ مستقرَّاتهم في الدار الآخرة، وفي ذلك دعوةٌ إلى السعيِ إلى الخير، وتركِ الشر.

ترتيبها المصحفي
92
نوعها
مكية
ألفاظها
71
ترتيب نزولها
9
العد المدني الأول
21
العد المدني الأخير
21
العد البصري
21
العد الكوفي
21
العد الشامي
21

* سورة (اللَّيل):

سُمِّيت سورة (اللَّيل) بهذا الاسم؛ لافتتاحها بقَسَمِ الله عز وجل بـ(اللَّيل).

1. القَسَم على تبايُنِ سعي البشر (١-٤).

2. اعملوا فكلٌّ مُيسَّر (٥-١٣).

3. إنذار وتحذير (١٤- ٢١).

ينظر: "التفسير الموضوعي لسور القرآن الكريم" لمجموعة من العلماء (9/172).

بيانُ قدرة الله عزَّ وجلَّ، وتصرُّفِه في هذا الكون، وتبايُنِ سعيِ البشر المؤدي إلى تباين مآلاتهم.

ينظر: "التحرير والتنوير" لابن عاشور (30 /378).