ترجمة سورة النازعات

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة النازعات باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية.
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.Аллоҳ савганд ёд мекунад ба фариштагоне, ки ҷонҳои кофиронро ба сахтӣ мегиранд
2.ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳои мӯъминонро ба осонӣ мегиранд
3.ва савганд ба фариштагоне, ки барои расонидани фармони Аллоҳ шинокунон ва шитобон аз осмон фуруд меоянд
4.ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар сабқат мекунанд дар иҷро намудани амрҳои Парвардигор
5.ва савганд(1) ба фариштагоне, ки ҳамаи корҳоро тадбир мекунанд,
____________________
1. Ҷоиз нест барои одами қасам хурдан ба ғайри Аллоҳ, зеро чунин амал ширк аст.
6.ки он рӯз, ки нахустин нафхаи(1) қиёмат, ки нафхаи миронидан аст, заминро биларзонад
____________________
1. Дамидан дар сур
7.       ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, мардум аз нав зинда хоҳанд шуд.
8.       Дар он рӯз дилҳои кофирон аз сахтии тарс дар ларза бошанд,
9.       ва азобу даҳшатҳои рӯзи қиёматро мушоҳида кунанд, бар чашмонашон хорӣ ва фурӯафтодагӣ намоён шавад.
10.   Мункирони рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан мегӯянд:
Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,
11.   он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?
12.   Гӯянд: Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!
13.   Пас танҳо як овози баланд аст.
14.   ва онгоҳ онон дар замини ҳамвор (саҳрои қиёмат) меоянд.
15.   Эй Паёмбар, оё қиссаи Мӯсо (алайҳис салом) ба ту расидааст?
16.   Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво(1) садо кард:
____________________
1. Он води дар куҳи Сайно воқеъ аст.
17.   Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ дар гуноҳ аз ҳад гузаштааст.
18.   Бигӯ: Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ ва ба имон нафси худро ороста кунӣ
19.   ва ман туро ба сӯи Парвардигорат роҳ бинамоям ва то ту битарсӣ аз Ӯ?
20.   Пас, Мӯсо ба Фиръавн он мӯъҷизаи бузург; асо ва дастро нишон дод.
21.   Ва Фиръавн паёмбари Аллоҳ Мӯсо (алайҳиссалом)-ро дурӯғ бароварду нофармонӣ кард.
22.   Сипас пушт гардонд аз имон ва бар зидди Мӯсо саъй ва талош мекард.
23.   Пас ҳама аҳли мамлакаташро ҷамъ кард ва нидо дод
24.   ва Гуфт: Ман Парвардигори бузурги шумо ҳастам!
25.   Пас Парвардигораш ӯро ба азоби охирату дунё гирифтор кард.
26.   Бегумон дар ин кирдори Фиръавн ва он азобе, ки бар вай нозил шуд, панди бузургест барои касе, ки аз Аллоҳ метарсад!
27. Эй одамон, оё офариниши шумо сахттар аст ё офариниши осмоне ки Аллоҳ онро сохтааст?
28. Баландии онро барафрошт ва онро устувор кард,
29. шабашро торик кард ба фурӯ рафтани офтоб ва рӯзашро равшан кард ба баромадани офтоб
30. ва баъд аз халқи осмон заминро паҳн кард
31.    ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард
32.    ва кӯҳҳоро устувор сохт,
33.    барои фоидаи шумо ва чорпоёнатон. Аз нав зинда гардонидани шумо рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ осонтараст аз офариниши ин чизҳо.
34.    Чун он ҳодисаи бузурги қиёмат даррасад,
35.    рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро аз неку бад ба ёд оварад
36.    ва дӯзах барои ҳар фарди бино ошкор ва намоён мегардад.
37.    Пас ҳар кӣ аз ҳад гузашта бошад дар куфру исён
38.    ва зиндагии инҷаҳонро бар зиндагии охират ихтиёр карда бошад,
39.    бегумон ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.
40.    Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида бошад ва нафси худро аз ҳаво ва ҳавас боздошта бошад,
41.    пас бегумон биҳишт ҷойгоҳи ӯст.
42.    Эй Паёмбар, туро мушрикон тамасхуромезона аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.
43.    Аз воқеъ шудани он туро чӣ хабарест?
44.    Балки, огоҳӣ аз замони барпо шавии қиёмат ба Парвардигорат аст.
45.    Ту танҳо бимдиҳандаи касе ҳастӣ, ки аз қиёмат метарсад.
46.    Рӯзе, ки онро бубинанд, аз ҳавли қиёмат пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд.
سورة النازعات
معلومات السورة
الكتب
الفتاوى
الأقوال
التفسيرات

سورة (النَّازعات) من السُّوَر المكية، وقد افتُتحت بذكرِ الملائكة التي تَنزِع الأرواح؛ ليبعثَ اللهُ الناس بعد ذلك في يوم الطامَّة الكبرى؛ ليكونَ من اتقى في الجِنان، ويذهبَ من طغى وآثر الحياةَ الدنيا إلى الجحيم مأواه، وقد ذكَّرت السورةُ الكريمة بنِعَمِ الله على خَلْقه وقوَّته وقهره بعد أن بيَّنتْ إقامةَ الحُجَّة على الكافرين، كما أقام موسى عليه السلام الحُجَّةَ على فرعون بالإبلاغ.

ترتيبها المصحفي
79
نوعها
مكية
ألفاظها
179
ترتيب نزولها
81
العد المدني الأول
45
العد المدني الأخير
45
العد البصري
45
العد الكوفي
46
العد الشامي
45

- قوله تعالى: {يَسْـَٔلُونَكَ عَنِ اْلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَىٰهَا ٤٢ فِيمَ أَنتَ مِن ذِكْرَىٰهَآ} [النازعات: 42-43]:

عن عائشةَ رضي الله عنها، قالت: «كان النبيُّ صلى الله عليه وسلم يُسألُ عن الساعةِ حتى أُنزِلَ عليه: {يَسْـَٔلُونَكَ عَنِ اْلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرْسَىٰهَا ٤٢ فِيمَ أَنتَ مِن ذِكْرَىٰهَآ} [النازعات: 42-43]». أخرجه الحاكم (3895).

* سورة (النَّازعات):

سُمِّيت سورة (النَّازعات) بذلك؛ لافتتاحها بقَسَمِ الله بـ(النَّازعات)؛ وهم: الملائكةُ الذين ينتزعون أرواحَ بني آدم.

1. مَشاهد اليوم الآخِر (١-١٤).

2. قصة موسى عليه السلام مع فرعون (١٥-٢٦).

3. لفتُ النظر إلى خَلْقِ السموات والأرض (٢٧-٣٣).

4. أحداث يوم القيامة (٣٤-٤١).

5. سؤال المشركين عن وقتِ الساعة (٤٢-٤٦).

ينظر: "التفسير الموضوعي لسور القرآن الكريم" لمجموعة من العلماء (9 /23).

يقول ابنُ عاشور رحمه الله: «اشتملت على إثباتِ البعث والجزاء، وإبطال إحالة المشركين وقوعَه، وتهويلِ يومه، وما يعتري الناسَ حينئذٍ من الوَهَلِ، وإبطال قول المشركين بتعذُّرِ الإحياء بعد انعدام الأجساد». "التحرير والتنوير" لابن عاشور (30 /59).